БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нест бод хоинони давлату миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо!

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Меҳргон»-и деҳаи Меҳргони ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, ташкилоту муасисаҳои ноҳия дар нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб гузаронида шуд.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъолгардонии аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо андешаронӣ карда, ҳодисае, ки дар ноҳияи Данғара шударо, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст, баррасӣ намуданд.

Ин амали нопоки гурӯҳи муташаккили ҷинояткоронро сокинони маҳалла маҳкум намуда, уҳдадор шуданд, ки дар сурати пайдо шудани шахсони ношинос дар деҳа ба таври фаврӣ ба мақомотҳои дахлдор маълумот диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg