БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои ифротӣ дар тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошем!

НОРАК. Вобаста ба ҳамлаи ноҷавонмардонаи анҷомдодаи аъзои ҳизби террористии наҳзати исломӣ ба сайёҳони хориҷӣ дирӯз бо сокинони минтақаи манзилии №1-и шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Ғафурзода Фрдавс, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Одилов Сайдалӣ вохӯрӣ доир карда шуд.

Иштирокчиён фоҷеаи нангини санаи 29 июли соли равон рухдодашударо маҳкум намуда, иброз доштанд, ки барои саривақт пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуб ҳар як падару модарро зарур аст, ки дар тарбияи фарзанди худ масъулияти баланд дошта бошад. Имрӯз аз надоштани саводи кофӣ ва маълумот ҷавонони тоҷик ба доми гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ афтода, кирдорҳои разилонаю ваҳшиёнаро анҷом дода истодаанд.

Инчунин, қайд намуданд, ки имрӯз ҳар яки моро мебояд фарзандони худро дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарварӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем. Дар атрофи Пешвои маҳбуби миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки ҳеҷ як нохалафе зиндагии осудаи моро халалдор намояд.  

Бори дигар тамоми занон, модарон ва ҷавонони шаҳри Норак ин амали ваҳшиёнаи аъзои ТЭТ ДИИШ ва ҲНИ-ро қатъиян маҳкум менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg