БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эй, ки дастат мерасад, дасте бигир!

ЛЕВАКАНТ. Имрӯзҳо вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки дар ҳамбастагӣ бо дигар қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус бо истифода аз донишмандону шахсиятҳои корозмуда, обрӯманду рӯзгордида дар эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, ҳавасмандгардонии онҳо барои рӯ овардан ба асолати миллӣ ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ саҳми назаррас гузорем.

Дар раванди чунин чорабиниҳо, вохӯриву мулоқотҳо дар  деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Хурду бузурги деҳаи  Меҳробод  бо ҷалби  зиёди ҳунармандони гуногунсалиқа ҳунарҳои бобогии худро ба маърази тамошо гузоштанд, ки бонувони ҳунарманд  бо як ҳисси баланди идона, гулдӯзию бофандагӣ, тоқибофӣ, ҷӯробдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, шириниҳою анвои гуногуни нонӣ, аз қабили кулчаю  чаппотӣ, таҳмолу қалама, озуқу сатрӣ ва хӯрокҳои миллӣ отала, шакароб, қурутоб, шила, ширбиринҷ, умоч, отала ва ғайраро пешниҳод намуданд.

Мушоҳида гардид, ки сокинон аз ҳунару касабаҳои гуногуни қадимаи  аҷдодони хеш бархурдоранд.

Дар чорабинии мазкур масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, кормандони ҷамоати деҳоти Гулистон, раисони маҳалла, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷафар оғоз намуда, дар робита ба ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъомада, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст, сокинонро  огоҳ кард  ва ҳамлаи авбошонаи гурӯҳи муташаккилро маҳкум намуданд.

Инчунин, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, экстремистиву террористӣ, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги мо бегона, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон вакил аз ҳавзаи интихоботи №17-и  деҳаи Меҳробод Шомуродзода Саидъазам оид ба Соли тақвияти робита  бо маҳал суханронӣ намуд.   

Дар охир шахсони фаъоли ҲХДТ, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои  барномавии ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд, бо  Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант қадрдонӣ карда шуда,  ба  як нафар маъюби гурӯҳи дуюми деҳа Тоҳиров Ҷӯрабек аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Шомуродзода Саидаъзам асобағал ва кӯмаки яквақтаи молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg