БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хоинони миллат ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳанд расид!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии театри ба номи “Сайдалӣ Вализода” дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот анҷом дода шуд.

Пеш аз оғози чорабинӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор” баргузор гардида, дар рафти он вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” расмҳои калони таблиғоти дастрасӣ ҳозирин гардонида шуд.

Дар ин миён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки мо мардуми шарафманди тоҷик марҳилаҳои гуногуни вазинини таърихиро аз сар гузаронидем. Махсусан, солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст доданд ва ин ҷанг зарари калони иқтисодию иҷтимоӣ овард. Баъд аз ин имтиҳони вазнини таърихӣ, ки бо дасти хоинон ва бадхоҳони миллати тоҷик сар зада буд, бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ пойдор гардид.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Имрӯзҳо моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун халқи суҳлпарвару сулҳхоҳ мешиносанду эътироф мекунанд. Яъне аз ин нуқтаи назар бармеояд, ки танҳо дар натиҷаи пойдории сулҳу субот мо метавонем марҳила ба марҳила рушду нумӯъ намоем.

Аммо, бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо ва пешравиҳо боз шахсоне ё гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳастанд, ки бо чашми ҳасуд ин пешравиҳои Тоҷикистонро менигаранд. Фоҷиае, ки санаи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи гурӯҳи ҷиноӣ анҷом дода шуд, ки дар натиҷа чанд сайёҳони хориҷӣ маҷруҳ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори нангину шармоварро аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қотеъона маҳкум менамоянд.

Ин кирдору амали ғайринсониро ба уҳда гирифтани ДИИШ ва аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИ далолати он аст, ки дар ростои эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ давлати моро ҳамчун давлати заиф аз лиҳози амну субот нишон диҳанд. Бо роҳандозии чунин амалҳои аъзои ҳизби террористии наҳзати исломӣ мехоҳанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба майдони ҷангу хунрезӣ кашанд.

Мавсуф таъкид намуд, ки чунин ҳодисаи нанговар талқинкунандаи он аст, ки дар зери сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат муттаҳиду сарҷамъ бошем ва таъкидҳои Пешвои миллатро, ки доимо ҳушдор менамоянд: “Ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳед” шиори худ намуда, ҳамеша баҳри ободии Ватан кӯшишу ғайрати худро равона созем.

Дар ҷомеаи  имрӯза ҳоло ҳам ҷавононе ҳаст, ки аз таъриху фарҳанги худ дур ҳастанд ва ба доми фиребу найранги чунин гурӯҳҳо дода мешаванд. Дар ин росто вазифаи ҷонии мо ҳизбиён аст, ки пеш аз ҳама дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносиро бедор сохта, онҳоро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ равона созем.

Дар навбати худ иштирокчиён низ бобати ин масоил ибрози андеша карда, ин ҳодисаи даҳшату нангинро шаддидан маҳкум намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg