БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тавсияҳои курси бозомӯзӣ: Миллати тоҷик аз қадим меҳмондӯсту меҳмоннавоз аст!

ВОСЕЪ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мӯсо Зариф, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳамидов Илҳомҷон, мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинон маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Дар оғоз шахсони расмӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба ҳунару маҳорати  ҳунармандони чирадаст  таҳсину офарин гуфтанд.

Пас аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ масъулин  дар назди ҷамъомадагон аз ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон аз ҷониби  аъзои ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Данғара рухдода, ки ба куштори  сайёҳони  хориҷӣ даст задаанд,  муҳокимаронӣ намуда, иброз доштанд, ки  мақсади асосии  ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ба номи давлату миллат иснод овардану  ба пешрафту тараққиёти  Тоҷикистон халал ворид кардан аст.

Ҳамчунин масъулин қайд карданд, ки аз қадим миллати тоҷик меҳмондӯстдору меҳмонавоз асту дар ягон давру замон беэҳтиромиро нисбати  меҳмон раво надидааст.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки  минбаъд  дар ғафлат намонда, бар зидди  ҳизбу ташкилотҳои экстремистию террористӣ  муборизаи беамон барем, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарзандонро дар руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем,  ба таълиму  тарбияи фарзанд ҷиддӣ муносибат кунем, нагузорем, ки  нохалафе бо ниятҳои  нопоки худ  зиндагии осуда, Ватани  маҳбуби ҳамаи мо Тоҷикистони азизро  ноором созад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg