БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои авбошонаи хоинони давлату миллат аз ҷониби шаҳрвандон маҳкум шуд!

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории маҷлисҳои Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сомон» маҷлиси ҷамъбастии нимсолаи якуми  соли 2018 ва вазифаҳои навбатӣ барои  шашмоҳаи дуюми Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки фаъолон, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  баргузор гардид.

 Дар оғози маҷлис  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарим  атрофи  воқеаи сангину даҳшатборе, ки аз ҷониби гурӯҳи  муташаккили ҷиноятпеша бо дастгирии ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ гардида, ки ба маҷруҳу кушта шудани сайёҳони хориҷӣ  дар шоҳроши ноҳияи Данғара рух дод, суханронӣ карда ҷамъомадагон амали нангини  хоинони давлату миллатро давоми  амалҳои зишти аъзои  ТЭТ ҲНИ  дониста, амалҳои ваҳшиёнаи онҳоро  маҳкум намуданд.

Аз рӯи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз   Носирзода  Абдукарим Носир оид ба фаъолияти нимсолаи аввали  соли 2018 шунида шуд.

Инчунин, дигар масъалаҳои  рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштирокдорон ҳисоботи  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияро  дар шашмоҳаи аввал қаноатбахш ҳисобиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg