БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ҳалли мушкилоти ҷомеа мусоидат менамояд

А.ҶОМӢ. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар асоси ҷадвали тасдиқгардида ва бо мақсади тадбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Файзбор»-и маҳаллаи Файзбори ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома дошта бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин мащал вохӯрӣ баргузор гардид. 

Ҳадафи баргузории чорабинӣ тарғиби Аксия номбурда буда, бо сокинони маҳал оид ба роҳҳои якҷоя  ҳал  кардани  мушкилоте, ки  дар маҳал ҷой дорад ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон суханронӣ карданд.

Бо ташабуси аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо ҷалби  соҳибкорони  саховатманду ватандӯстӣ маҳалла,  зиёда аз  7 километр роҳи байни деҳаҳои Файзбор ва Озодишарқро аз  таъмири  ҷорӣ  бароварданд.       

Сокинони маҳалла бошанд, дар навбати худ бовар  доранд, ки амалишавии Аксияи мазкурро, ки  бо  мақсади  рушди  соҳаи кишоварзӣ, корҳои хонагӣ  ва  пурра  бо кор таъмин шудани аҳолӣ  мусоидат менамояд, дастгирӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg