БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Техналогияи муосир истифодаи дурустро тақозо менамояд

ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии «Алоқа» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони «Ташаккули фарҳанги техникӣ ба хотири истифодаи дуруст аз техналогияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва хатарҳои ҷойдошта» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидов Фарҳод баргузор карда шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ Фарҳод Обидов гузориш дод, ки аз рӯи таҳлили маълумотҳо имрӯзҳо масъалаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ техналогияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз мубаддал гаштааст.

Зеро василаҳои техникаи муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон намудани алоқаи байни ҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву авомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст. Бояд гуфт, ки бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид ва имкониятҳои васеъи онро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд.

Тамоюли вусъатёбии мубодилаи бемарзи иттилоотӣ, рушди интернет, коркарду пахши барномаю ахбор ва густариши алоқаи моҳворавӣ, имкониятҳои шабакаи телевизионӣ ва технологияи компютерӣ, чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд  «Фосилаи фазою вақт ва макону замонро кутоҳ карда, чун қосиди ҷаҳонишавӣ ба мо аз бурду бохти иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, техникаву технологияи муосир ва соири риштаҳои дигари фаъолияти башарият маълумот мерасонад».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg