Ҷ.БАЛХӢ. Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди маҳал чорабиниҳои рангину ҷолибро баргузор намуда истодааст.
Бо ин мақсад бо иштироки сокинони маҳал дар маҳаллаи Пушкини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
Зимнан, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, зимни суханронӣ амали ҳамла ба сайёҳони хориҷиро, ки аз тарафи аъзои ТЭТ ҲНИ ташкил шуд, маҳкум намуданд.
Дар ин ҳамоиш қайд гардид, ки иқдоми бузургу беназири Пешвои миллат, яъне эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддие бахшид барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодиёти кишвари мо заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар охир муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат ба сокинон вобаста ба моҳияти эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, зикр кард, ки фарҳанг муаррификунандаи муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мебошад ва занону бонувони ҳунармандро месазад барои боз ҳам сайқал додани ҳунарашон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Намояндагони Кумимтаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия низ аз намоиши ҳунармандон дидан карда, аз онҳо ҷиҳати омӯзонидани касбу ҳунарҳои мардумӣ ба ҷавонон даъват ба амл оварда, ба ҳунару истеъдоди онҳо баҳои баланд доданд.