ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар деҳаи Навзамин бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти сиёсии ҳодисаи нангини гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар куштори даҳшатбори сайёҳони хориҷӣ таҳти сарпарастии ТЭТ ҲНИ ва ДИИШ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваста вохӯри гузаронида шуда аз сокинон барои дар ғафлат намондану аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.
Сокинон воқеаи нангини гурӯҳӣ муташаккили ҷиноятпешаро, ки дар он ТЭТ ҲНИ даст дошт, маҳкум карда, ба рафтори ваҳшиёнаи гурӯҳи муташаккил ва рафтори бадхоҳонаву миллатфурӯши ТЭТ ҲНИ нафрат хонданд.
Дигар иштирокдорон оид ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёми имсола ва мулоқоти Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли ҷорӣ бармеояд андешарони карданд.
Саидзода Раҳмон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханрони кард.