БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо рушди фарҳанги миллӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба амалҳои ваҳшиёнаи наҳзатиёни лаънатӣ посух медиҳем!

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бо истиқоматкунандагони деҳаи Меҳрвари ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрӣ гузарониданд.

Дар ин баробар  масъулин  ба ҷамъомадагони чорабинӣ  амалҳои  аблаҳонаву  золимонаи гурӯҳи муташаккили ҷинояткорро, ки дар куштори сайёҳони  хориҷӣ бо фармоиши ТЭТ ҲНИ  дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара рух дод, расонида, ҳамлаи ноҷавонмардонаи онҳоро бо ҳамаовозӣ маҳкум карданд. 

Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъулин оид ба  эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар  бораи зиракии сиёсиро аз даст надодан, наврасону ҷавононро  дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва омӯзиши илму ҳунар тарбия намудан ва дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  суханронӣ намуда, аз маҳсули дастии ҳунарманди мардумӣ  Насриддинов Файз, ки чанд намуд аз тунука чойҷӯшак, печ, новадони печ, тағора, дастшӯяк, ҳаргуна ороишот месозанд, дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg