ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии навтаъсиси “Маҳаллаи №10” доир ба баррасии ҳодисаи нангини як гурӯҳ ҷавонони гумроҳу фирефтаи ташкилоти террористиву экстремистии ТЭТ ҲНИ ба куштору захмин кардани сайёҳони хориҷӣ бо сокинон вохӯрӣ гузарониданд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба воқеаи ҳодисаи рухдодаи сайёҳони хориҷиро мавриди муҳокима қарор дода, иброз доштанд, ки душманони миллат ва хоинони давлат пешрафту тараққиёти Ватани азизамонро нодида мегиранд, бо ҳар роҳу восита ба фазои ороми кишвар ва зиндагии осудаи мардум халал ворид мекунанд.
Сокинон суханрониҳои судманди масъулинро дастгирӣ карда, амалҳои қотилонаи гурӯҳи ҷавонони ватанфурӯшро шадидан маҳкум карданд.
Дар идомаи вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз рафти намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандон заҳмати хешро ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан намуда, ба ҳунару маҳорати волои онҳо баҳои қаноатбахш доданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ дар замири мардум бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна амалу зуҳуроти номатлуби ҷомеа, завқи баланди ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ, омода намудани духтарон ба зиндагии мустақилона мебошад, ки маҳз бо ташаббуси некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон метавонанд аз самараи меҳнати дастии худ соҳиби даромади хуби молиявӣ гарданд.