БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои ваҳшиёнаи ТЭТ ҲНИ-ро касе намебахшад!

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва  роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асомудинзода Садбарг бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи  фаръии давлатии молу мулки ғайриманқул” доир гардид.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ масъулин ҳодисаи нангини куштори сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар ноҳияи Данғара бавуқӯъомада барраси карда, амалҳои террористии онҳоро сахт маҳкум карданд.

Дар ин раванд доир  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи беҳтар намудани корҳои ҳуҷҷатгузорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва бештар ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, огоҳонидани онҳо аз хавфу хатарҳои  ҳизбу ташкилотҳои  террористиву экстремистӣ ҳарф зада, бори дигар таъкид намуд, ки  ҳар як узви ҷомеа месазад ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода дар таъмини суботу оромии ҷомеа саҳми муносиби худро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg