БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ гуноҳҳои кабираи наҳзатиёни малъунро намебахшад!

ПАНҶ. Дар маҳаллаи ба номи Қодир Зоидови ҷамоати шаҳраки Панҷ  чорабинии фарҳангӣ ҷиҳати иҷрои ҷадвали тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ доир гардид. Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон кушода мавсуф  доир ба хатарҳои  ҷаҳони имрӯза ба монанди воқеаи даҳшатбори ба ҳалокат расонидани сайёҳони хориҷӣ, ки дар ноҳияи Данғара аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор рух дод, терроризму экстремизм ва коррупсия, ки яке аз омилҳои нангин ва ҳатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд, андешаронӣ карда,  даъват ба амал овард, ки  мубориза  алайҳи ин омилҳои  хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти марбута аст, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне аз ҳаммаи мо муборизаи дастаҷаъмонаро талаб менамояд.

 Дигар мақсади баргузории чорабиниҳо пеш аз ҳама бо мардум наздик шудан дар ростои Соли тақвияти робита бо маҳал буда, дар ин замина фаҳмонидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба мардуми маҳал мебошад.

Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумии маҳалла оғоз гардида, намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ҷамоати шаҳраки Панҷ аз маҳсули меҳнат ва ҳунарҳои онҳо шинос гардида, ба маҳорати кадбонувон ва ҳунармандони маҳал баҳои баланд доданд.

Сипас,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва мактуботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Шомаҳмадзода Музаффар доир ба моҳияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуда,  аз ҷумла қайд кард, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон зимни суханрониаш доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, зикр кард, ки бо дарназардошти он, ки соли 2018 дар вилоят Соли тақвияти робита бо маҳал эълон гардидааст, бинобар ин Кумитаи иҷроияи дар ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар ҳар як маҳллаю деҳоти ноҳия  чорабиниҳои фарҳангиву оммавиро ба   роҳ  монад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg