БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон ба иблисони наҳзатӣ нафрат хонда, ҳамлаҳои ноҷавонмардонаи онҳоро маҳкум карданд!

НОРАК. Вобаста ба ҳамлаи ноҷавонмардонаи гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз тарафи аъзои ТЭТ ҲНИ ва ДИИШ анҷом дода шуд, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” ва “Бақайдгирӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғафурзода Фирдавс хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Нахуст, Қумриниссо Гулмуродзода дар назди ҷамъомадагон  атрофи ҳодисаи нангини  куштори ваҳшиёнаи сайёҳони  хориҷӣ, ки ҷавонони гумроҳ дар ин ҳодиса даст доштанд, андешаронӣ намуда, аз иштирокдорон ҷиҳати аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, назорати ҷиддӣ зоҳир намудани волидайн нисбати фарзандон даъват ба амал овард.

Кормандони соҳаи тандурустӣ ин амали разилона ва ғайриинсонии зархаридони ДИИШ-ро қотеъона маҳкум карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg