ЛЕВАКАНТ. Дирӯз бо занони фаъол, аъзову ҷонибдорони Ҳизби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан оид ба муҳокимаи ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли ҷорӣ дар самти шоҳроҳи ноҳияи Данғара нисбат ба куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ва ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштани 3 нафари дигари онҳо ба вуқӯъомада, ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант иштирок ва андешаронӣ намуда, зикр карданд, ки фоҷиае, ки дар ноҳияи Данғара рух дод аз рӯйи нақшаи таҳрезишудаи ТЭТ ҲНИ аст, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардид. Фоҷиаи даҳшатбор барои мо мардуми тоҷик, алалхусус занону модарон нангин аст, ки чунин фарзандони нохалафро шири сафед додаву бо шабзиндадориҳо дар домони поки Ватан-Тоҷикистони азиз ба воя расонидем ва имрӯз онҳо ба номи поки модари тоҷик иснод оварда, Тоҷикистони маҳбубамонро доғдор карданд.
Мо занону модаронро месазад минбаъд дар тарбияи фарзандон бетараф набошем, барои пешгирии онҳо аз ҳар гуна амалҳои номатлуби ҷомеа саҳмгузор бошем.
Дар фарҷом иштирокдорон бо ҳамвозии баланд амалҳои террористонаи хоинони миллатро маҳкум карданд.