БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои нангини хоинони давлатро мардум ҳеҷ гоҳ намебахшад!

КУШОНИЁН. Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Рӯзномаи Кушониён” оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин  дар назди ҷамъомадагон атрофи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳии сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ  дар роҳи мубориза бо онҳо, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл  ба фарҳангӣ бегона бо мақсадӣи ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, ҳодисаи нанговаре, ки аз ҷониби  гурӯҳи муташаккили  ҷинояткор бо дастури  ҲНИ  нисбати сайёҳонӣ хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайвастааст, андешаронӣ намуданд.

Дар охир иштирокдорон суханрониҳои  масъулинро дастгири карда, он ҳодисаи нангинро сахт  маҳкум карда, афзуданд, ки гуноҳи хоинонро ҳеҷ гоҳ  давлату миллат намебахшад ва бахшидаҳам наметавонад, чунки ин разолат гуноҳест нобахшиданӣ!.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg