БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида дасисаҳои наҳзатиҳои лаънатиро сахт маҳкум мекунад!

КӮЛОБ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ёрии таъҷилӣ” доир ба  муҳокимаи ҳодисаи нанговар ба миллати тоҷик, ки аз ҷониби гурӯҳи  муташаккили ҷиноятпеша ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ёрии таъҷилӣ” Бобоев Комил иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин амалҳои хоинонаи  гурӯҳи  муташаккилро, ки дар ноҳияи Данғара боиси фавти 4 нафар  ва бардоштани захмҳои вазнини ҷисмонии  сайёҳони хориҷӣ  гаардиданд, муҳокима  карда, ҳамлаи  ваҳшиёнаву қотилонаи  ҷавонони гумроҳро  сахт маҳкум намуд.

Дар раванди хониши сиёсӣ мавсуф  қайд кард, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллии «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо» саъю талош менамояд.

Дар ин росто таъкид шуд, ки ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза бояд бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg