БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолияту амалҳои авбошонаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро дар иттиҳодияҳои меҳнатӣ қотеъона маҳкум мекунанд!

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андоз” оид ба муҳокимаи воқеаи сангину нанговари ба қатл расонидани сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб қисмати ноҳияи Данғара ва дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Одиназода Ҳуснигул иштирок ва андешаронӣ карданд.

Зимнан Одиназода Ҳуснигул ҳодисаи дар ноҳияи Данғара, ки санаи 29 июли соли равон рухдодаро муҳокима карда, ҳамлаи ноҷавонмардонаи хоинони давлату миллатро, ки фазои сиёсии моро доғдор месозанд маҳкум намуд.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, роҳандозӣ намудани қабули ҳуҷҷатҳо бо таври ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохти бонкӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ андешаронӣ намуд.

Сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯстӣ М. Ғаюрзода суханрониҳои Одиназода Ҳуснигулро ҳаматарафа дастгирӣ карда, нисбати амали террористонаи гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки бо нақшаи омодакардашудаи ТЭТ ҲНИ ба вуқӯъ пайвастааст, амали ноҷавонмардонаву иёнат ба миллату давлат дониста, фаъолияту амалҳои авбошонаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро дар якҷоягӣ бо коллективи меҳнатӣ котеъона маҳкум намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg