БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои нангини руҳдодаро маҳкум карда барои ҳифзи оромиву суботии Тоҷикистон камари ҳиммат бастаем!

ВАХШ. Тибқи барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 31.07.2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фидокор 2 "-и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш нисбати ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъомада, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст, бо сокинони деҳа вохӯрии  судманд доир карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон дар назди ҷамъомадагон  ҳодисаи нангини террористие, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби ДИИШ  ва ТЭТ ҲНИ содир гардид, боиси марг ва захмӣ шудани чанд нафар сайёҳони хориҷӣ шуд, ба таври муфассал маълумот дод.
Зимнан аз аҳли деҳа хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи суботу оромӣ дар кишвар, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир кардан дар таълиму тарбияи фарзандон, алалхусус ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҳар гуна ашхоси шубҳанок бо мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории судманд намоянд.

Дар охир бошандагони деҳа амалҳои нангини рухдодаро қатъиян маҳкум намуда, омодагии хешро ҷиҳати ҳифзи оромиву суботи Тоҷикистони  озоду соҳибистиқлоли изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg