БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бори дигар пардаи сиёҳу ғуборолуд аз чеҳраи манфури ТЭТ ҲНИ бардошта шуда, чеҳраи воқеии он ба сокинони кишвар аёнтар гардид!

ҲАМАДОНӢ.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази саломатӣ» дар робита ба ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъомада, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст, ҷамъомад доир гардид.

Дар ҷамъомад кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев  ва Фирӯз Пиров  иштирок ва атрофи ин ҳодисаи нангин, ки аз тарафи ҷинояткорони ТЭТ ҲНИ, ки ҷузъи таркибии ДИИШ мебошанд,  андешаронӣ намуда,ин амали зишро  сахт маҳкум карданд.

Дар идомаи суҳбат масъалин қайд карданд, ки ба кадом роҳу василае набошад ТЭТ ҲНИ мехоҳад давлату ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳкор созад, ки хобаш барои лаби он аст. Дигар ягон сокини кишвар ба гапи онҳо бовар намекунад. ТЭТ ҲНИ фақат ҷавонони бесавод, гумроҳ ва ақли носолимдоштаро ба худ ҷалб менамояду халос, ки ин қвваи носолим аст.

Аз ин лиҳоз ҳар як фарди солимфикри ҷомеаро зарур аст, дар  тарбияи  насли наврасу ҷавон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намояд, онҳоро бештар ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, илмҳои дақиқ, дар вақтҳои  холигӣ ба варзиш ҷалб намоем, то ин ки дар оянда фирефтаи беномусону  ватанфурӯшон нагарданд.

Дар охир ҷамъомадагон андешарониҳои масъулинро  якдилона дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик амалҳои террористону хоинони миллатро қатъиян маҳкум карда, намегузорем нохалафе фазои софу беғубори моро  тира созанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg