БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба наҳзатиёни террористи миллатфурушу динфуруш лаънат мехонанд!

ПАНҶ. Бо мақсади огоҳонидани мардум аз хатару оқибатҳои ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо сокинони ҷамоати деҳоти «Намуна» баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ баромадкунандагон дар мисоли ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара доир ба амалҳои зишту нангини наҳзатиёну хоҷагонашон аз Эрону ДИИШ ёдовар гардида, онро ғайриинсонӣ хонданд.

Ин кирдори содиркунандагони ҷинояти мазкур бар зидди ташаббуси беназири Ҳукумати кишвар, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, мехоҳанд ба ин роҳ Тоҷикистонро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном намоянд ва бо ин роҳ барои пешрафту тараққиёташ  халал ворид созанд, ки тирашон ба хок хурд.

Оид ба хатарҳои терроризм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар  қайд карданд, ки «Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯзҳо ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибати байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд».

Чи гунае, ки маълум гардид ташкилкунандагон ин амалро боз зери пардаи дини Ислом амалӣ намуда, ба ин восита ҷони чор нафар инсони бегуноҳро гирифтанд ҳол он, ки гуфтаи Роҳбари давлати мо бори дигар собит шуданд, ки «Терроризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом иртиботе надорад».

Дар охир иштирокдорони вохӯрӣ амали анҷомдодаи як гурӯҳ ҷавонони ҷинояткорро, ки боиси ҳалокат ва захмӣ шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара гардид, маҳкум намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg