БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРҲИ РАСМИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ОИД БА ҲОДИСАИ ҲАМЛА БА САЙЁҲОН

29-уми июли соли равон, тахминан соати 15:30 дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе», рақами қайди давлатиаш 74 - 98 ВН 03, дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Сафобахши Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон (дар км 81), бо суръати баланд ба 7 сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Швейтсария, Нидерландия ва Фаронса, ки бо воситаи велосипедҳо аз шаҳри Кӯлоб ба пойтахти кишвар ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд.

Ин гурӯҳ пас аз пахш кардан ва аз по афтондан, бо мақсади куштан бо олоти халандаю бурранда, аз қабили кордҳои калон ва табарҳо, ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон зада, ба онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Дар натиҷа, 4 сайёҳ – шаҳрвандони ИМА Аустин Ҷей ва Лаурен Анне Мунотз,  шаҳрванди Нидерландия Воке Рен Виллем, шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Ким Айрис ва Дименд Мари Клер дар ҳолати вазнин дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд. Шаҳрванди Фаронса Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.
Вобаста ба ин ҳодиса, таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода аз ҳисоби  кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ оҷилан Ситоди байниидоравии махсус таъсис дода шуд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, аз тарафи намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҷиҳати дастгир кардани ҷинояткорон амалиёти таъхирнопазири тафтишотӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳангоми ҷустуҷӯи ҷинояткорон бо ёрии сокинони ноҳия автомашинаи дар содиркунии ҷиноят истифодагардида дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара дарёфт карда шуд. Баъдан, ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дастгир гашт.
Ҷинояткори дигар – Юсупов Аслиддин Садриддинович бо сабаби бо табар ба баногӯши корманди мақомоти корҳои дохилӣ – муовини аввали сардори раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД подполковники милитсия Назарзода Ҷумъахон Маҳмадрасул зарба задан, безарар гардонда шуд. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ин ҳамла Ҷ. Назарзода ҷароҳати вазнин бардошт.
Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои шайъӣ, ба монанди корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафар, зода ва сокинони ноҳияи Панҷ, дарёфт ва гирифта шуданд.
Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятии мазкур мебошад. Аз нишондоди Абдусамадов Ҳ. А. бармеояд, ки номбурда солҳои 2014 – 2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ ва ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович бо тахаллуси «Қорӣ Носир» вохӯрда, бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистии наҳзати ислом шомил гардидааст.
Фармоишгари ҷиноят Убайдов Н. А., ки аз соли 1992 аъзои фаъ-оли ташкилоти экстремистӣ - террористии Ҳизби наҳзати ислом мебошад, аз соли 2015 дар ҷустуҷӯи расмӣ ( бо моддаи 187 КҶ) қарор дорад.
Сипас, Абдусамадов Ҳ. А. ва шариконаш бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии бевоситаи Убайдов Н.А., ин ҷиноятро бо бераҳмии махсус содир намуданд. Баъдан, онҳо ният доштанд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.
Муайян гардид, ки бародари Абдусамадов Ҳ.А. Абдусамадов Бахтиёр Абдусамадович бо тахаллуси «Мулло Умар» аъзои ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Туркистон буда, айни ҳол барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ - экстремистидошта адои ҷазои ҷиноятӣ дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ 3 ҷинояткори дигар – Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсуфов Ҷаъфариддин бинобар нишон додани муқовимат дар деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара маҳв шуданд.
Ба гумонбарии алоқа ба ин гурӯҳ сокинони шаҳри Кӯлоб Шарипов Диловар, Назаров Ҷамшед, ноҳияи Ҷайҳун Сайфиддинов Вайсиддин ва барои маблағгузорӣ намудани ин гурӯҳ бошад, сокини шаҳри Норак Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич дастгир карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки ҷинояти мазкур пурра ошкор гардид ва гумонбаршудагон Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович (соли таваллуд 1985), зодаи ноҳияи Панҷ, сокини шаҳри Душанбе, дастгир шуда, Маҷидов Асомиддин Ёрмаҳмадович (с.т.1999), сокини ноҳияи Панҷ, Сафаров Зафарҷон Ҷумъаевич (с.т.1999), сокини ноҳияи Панҷ, Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович (с.т.1997), сокини шаҳри Норак, Юсупов Аслиддин Давлатбекович (с.т.1992), сокини шаҳри Норак, дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳо нобуд карда шуданд.
Ҳарчанд оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ барои одамкушӣ оғоз шуда бошад ҳам, тафтишот дигар фарзияҳои эҳтимолиро истисно намекунад.
Рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бевосита таҳти назорати Роҳбари давлат қарор дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg