БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон-ватани маҳбуби ҳамаи мо буда таъмини оромии он вазифаи ҷонии мост!

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Хушкасангов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолити ҳизбӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор намуданд.      

Чорабиниро мутахасисси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим кушода, иштирокдоронро бо моҳияти баргузории чорабинӣ шинос намуд.

Баъдан мутахасисси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Қурбонова Малоҳат вобаста ба ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон маълумоти муфассал дод. Интирокчиён ин амали нангинро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки баҳри оромии Тоҷикистони азизамон саъю талош меварзем.

Дар охир масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони чирадасти маҳсули дастранҷи хешро ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан намуда, ба ҳунару истеъдоди волои онҳо аҳсану офарин гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg