БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коррупсия: муқовимати ту аҳамияти калон дорад!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯъи «Муқовимати ту аҳамияти калон дорад!» бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Насимахон Ғаффорова, ҷамъомад доир гардид.

Нахуст Насимахон Ғаффорова оид ба масъалаи ба миёнгузошташуда муфассал суханронӣ намуда,  аз ҷумла қайд намуд, ки ҷиҳати мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби коррупсия солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ муҳайё карда шудаанд, вале оид ба паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии Роҳбари давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, мақомотҳои худидоракунии шаҳраку деҳот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg