БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аҳли ҷомеа амали нангини наҳзатиёнро маҳкум карда истодаанд

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар ин мулоқот раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон суханронӣ намуда, иштирокдоронро аз хавфу хатарҳои  ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки ба фазои ороми Ватан, зиндагии осудаи мардум бо ниятҳои нопоку амалҳои хононаи худ  халал ворид месозанд, аз ҷумла ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон дар ноҳияи Данғара бештар огоҳ намуда, аз ҳар яки онҳо барои аз даст надодани  ҳушёриву зиракии сиёсӣ, назорати ҷиддӣ зоҳир намудан нисбати фарзандон, алалхусус ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд,  даъват ба амал овард.

Дар охир иштирокдорон  суханрониҳои Назаров Алиҷонро ҳамаҷониба  дастгирӣ карда, афзуданд, ки мо мардуми  заҳматкаши тоҷик  зери  сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид шуда,  амалҳои ватанфурӯшонаи  хоинонро сахт маҳкум мекунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg