БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои террористиро сахт маҳкум мекунем!

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  Асомудинзода Садбарг  ва мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир бо кормандони  филиали Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта дар ноҳия хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни хониши сиёсӣ  масъулин дар  мавзӯъи ташвиқу тарғиби самтҳои             афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи нишон додани вокунишҳои саривақти ба кирдорҳои хоинони миллат ва гуруҳҳои ифротӣ андешаронӣ намуданд.

Доир ба суханронии  масъулин чанде аз  иштирокдорон   Ҳалимов Авазхон ва Тағоев Ҳасан  андешаҳои худро баён карда амали анҷомдодаи гуруҳи ифротиро дар ноҳияи Данғара сахт маҳкум карданд.

Дар ҷараёни андешаронӣ  Асомидинзода Садбарг аз ҷамъомадагон даъват  намуд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумотҳои аз хониши сиёсӣ  гирифтаи худро  дар байни аҳолӣ  ташвиқу тарғиб намоянд .

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg