МУЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод хониши сиёсӣ доир кард.
Дар хониши сиёсӣ вобаста ба ваҳшиёна ба қатл расидани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара аз тарафи террористони наҳзатӣ изҳори назар карда шуда, ҳамагӣ ба чунин афрод лаънат хонданд ва амали ғайриинсониашонро маҳкум карданд.