ЛЕВАКАНТ. Вазифаи мо масъулони ҳизбї пеш аз ҳама дар он аст, ки бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб, ки онҳо асоси татбиқкунандаи ғояҳои ҳизбии мо дар ҷамъият мебошанд суҳбату вохӯриҳоро доир намоем.
Чунин як вохӯрии судманд аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилотҳои ибтидоии рӯзномаи «Нури Сарбанд», “Шуъбаи бойгонӣ”, “Кумитаи ҳифзи муҳити зист” бо иштироки кормандони корхона вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ, сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, хурофоту тассуби динӣ, тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ, пешгирӣ аз истифодаи нодурустӣ технологияи муосир, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ доир гардида, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова оид ба масъалалҳои болозикр андешаронӣ намуд.
Инчунин, дар ин раванд моҳияти озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба дарки ҷомеа расонида, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, анҷоми корҳои хайру сахо, дасти кӯмак расонидан ба шахсони ниёзманди ҷомеа ранамои кард.