ҚУБОДИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар деҳаи Ҳаёти ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади эҳтиром ба хотираи қурбониёни амали террористӣ, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон анҷом дода шуд бо занони ҳунарманд вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдурахимова Фирӯза иброз дошт, ки аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳодисаи баамаломадаи террористӣ дар ноҳияи Данғара, ки боиси ҳалокату захми грдидани сайёҳон шудааст, зери назорати ҷиддӣ қарор дошта, аз ҷониби ҳизбиён ҳалокшудагон арзи тасаллият баён карда шуд.
Дар робита ба ин дақиқаи хомӯшӣ эълон карда шуд.
Тавре дар идома қайд гардид, соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуд, ки онҳо метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.
Ин амал набояд ба руҳу равони мо таъсири манфӣ расонад. Албатт ин амал ҳисси сокинони моро барои муборизаи беамон ба муқобили гуруҳҳои ифротӣ даҳчанд бедор сохт ва мо аз роҳи ободсозии Ватанамон ба чунин ҳасудон мубориза хоҳем бурд.