ДӮСТӢ. Бо мақсади аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани ҷомеа дар байни аҳолии деҳаи Ҷангалпарвари ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур бахусус дар байни занону духтарони деҳот амалӣ гардонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар ҳама давру замон боздорандаи рушду пешрафт ва омили нооромиҳову гирифториҳо таассуби динӣ мебошад.
Дар рафти баргузории суҳбат аз тарафи занону духтарони деҳоти мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанӣ, дарздӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва инчунин, таъомҳои миллӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки мардум дар баробари ҳунарҳои мардумии худ аз ӯҳдаи таъомҳои миллии тоҷикӣ низ мебароянд.
Дар рафти чорабинӣ қайд гардид, ки рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ наҳзатиёни бадхоҳро ба он водошт, ки дар ин раванди нек низ неши пурзаҳри худро зананд. Аммо ин амали ноҷавонмардона моро бештар дар анҷоми корҳои созандагӣ муттаҳид хоҳад кард.