БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаровонии дастурхони сокинон нишона аз талошҳои доимии Ҳукумати мамлакат дар ин бахш аст!

ДӮСТӢ. Дар Тоҷикистон бо пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангӣ занону бонувон дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар рушди соҳаҳои гуногуни истеҳсолот дар баробари мардон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.  Имрӯзҳо соҳаи кишоварзиро бе иштироки занон тасаввур кардан номумкин аст. Баъди ислоҳоти замин ва таҷдиди колхозҳо шакли нави хоҷагидорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил шуд. Эрданова Барно, ки дар оилаи деҳқон ба воя расида буд, соҳиби саҳми замин гардида, ба орзӯи деринаи худ расид. Ӯ дар хоҷагии деҳқонии худ зироатҳои гуногуни кишоварзӣ  кишт намуда, бо маҳсулоти тару тозаи  худ соҳиби даромади муайян гардида, аз он рӯзгорашро пеш мебарад ва  дар пешбурди ҷомеа саҳми арзанда гузошта истодааст.

Ҳамзамон,  Эрданова Барно дар вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони деҳаи Навобод иштирок дошта, маҳсулоти дастранҷи худро бо  шукргузорӣ аз фазои тинҷу ороми кишвар ба маърази тамошо гузошт.  

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  аз намоиши маҳсулоти кишоварзии  ин зани  қавиирода, ки бо меҳнати ҳалолу арақи ҷабинаш  ба даст овардааст, шинос шуда, ба ӯ аҳсану офарин гуфтанд.

Дар ин баробар зимни суҳбат масъулин моҳияти  озмунҳои ҳизбӣ, хусусан Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро баррасӣ карда, онҳоро ба корҳои ободониву созандагӣ, барои боз ҳам рушду тараққӣ кардани  Тоҷикистони азиз раҳнамоӣ намуданд.  

 

 

 

                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg