БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии мардум бақои давлат аст!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Тоҷмаҳали ҷамоати деҳоти Лоҳур хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии деҳаи “Тоҷмаҳал” доир карда шуд.

Дар чорабинӣ Каримов Пирмаҳмад  оид ба масъалаҳои солимии ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО ва БПНМ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, риояи қонунҳои миллӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба азхудкунии донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои гуногун, созандагиву ободкорӣ дар маҳал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки шароити имрӯзаи Тоҷикистони азиз барои ҳар яки мо имконият медиҳад, ки ба ҳар кори нек кӯшиш намоем ва ба он муваффақ гардем.

Чунин фазои амну осуда боиси шукргузорӣ ва қадр намудани ҳамешагии мову шумост қайд дошт раиси Кумита дар баромадаш.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg