БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҷонибдори рушди устувори иқтисоди миллӣ

КӮЛОБ. Оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андози шаҳр” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан, дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андози шаҳр” Назарализода Зуҳуршо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Валиева Саъбагул зимни баромад қайд кард, ки ҲХДТ раванди инкишофи бонизоми иқтисодиётро ҷонибдорӣ намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро дастгирӣ менамояд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, истифодаи самараноки захираву манбаъҳои барқароршаванда ва рӯ овардан ба “иқтисоди сабз” бо мақсади ғамхорӣ ба наслҳои ояндаи миллат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Дар охир иштирокдорон гуфтанд, ки барои рушд кардани иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg