БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолгардонии аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ

ВОСЕЪ. Бо мақсади пешгирии болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва истифодаи ғайритиббии онҳо, зиёд шудани теъдоди гирифторон ба Вируси норасоии масунияти одам дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №2”-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар  хониши сиёсӣ  бо кормандони соҳаи тандурустӣ  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат иштирок намуда, қайд кард, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаест, ки дар мубориза бо он дар баробари сохторҳои давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мо ҳизбиён масъулем. Чунки дар шароити рӯзафзуни мураккаб гардидани авзои ҷомеа яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба саломатӣ ва генафонди миллат ин маводи мухаддир аст. Месазад қайд намоем, ки шахсоне, ки маводи нашъадор истеъмол мекунанд,  зиёде аз онҳо гирифтори бемории АНМО/ВНМО (ВИЧ/СПИД) ҳастанд. Дар баробари ин кормандони соҳаи тибб роҷеъ ба ин масоил бетараф набуда, дар ин росто пайваста бо мардум корҳои тарғиботию ташвиқотиро роҳандозӣ карда, барои паст кардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ саҳми худро мегузоранд. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани азизамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар ва солимии ҷомеа маншаъ мегирад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg