ВАХШ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Вахш дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии "Омор"-и ноҳия бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Мавсуф зимни андешаронӣ иброз дошт, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ ва роҳандозӣ намудани сарфаву сариштакорӣ мебошад.
Дар идомаи суҳбат чанде аз иштирокдорон роҷеъ ба қонуни номбурда андешаронӣ карда, афзуданд, ки барои боз ҳам ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти он дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқоти роҳандозӣ хоҳанд кард.