БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

БОХТАР.  Ҳар санади меъёрию ҳуқуқие, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, ба нафъи мардум буда, барои устувор гардидани пояи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаҳои мустаҳкам гузоштааст.

Бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Сарчашма” дар доираи  амалӣ гардидани  нақша-чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита  бо маҳал ва бо ин  мақсад намоишу пешкаш намудани ҳунарҳои мардумӣ, барои ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, ривоҷу равнақ додан ва эҳёи анъанаҳои  миллӣ  мардуми маҳаллаи “Сарчашма” ҳунару маҳорати худро дар ин намоишгоҳ гузошта буданд.

Мақсад аз баргузории  ин  намоиш  дастгирӣ  ва муаррифии  маҳорату истеъдоди ҳунармандон, ҷалби сайёҳон ба шаҳри  бостонии Бохтар  буд. Дар ин чорабинӣ  сокинон  фаъолона иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро ба маърази тамошо  гузошта  буданд.

Дар охир  барои иштироки фаъолона  дар ин намоиши ҳунарҳои мардумӣ раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Бохтар  миннатории хешро ба фаъолону саҳмдорон ва иштирокдорон изҳор намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg