БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намояндагии ТҶҶ “Созандагони ватан”-и вилояти Хатлон ба марҳилаи нави созандагӣ ворид гардид

ХАТЛОН. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Конференсияи 4-уми ҳисоботӣ-интихоботии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҳамзамон Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва дигар аъзои Шӯрои вилоятии ин созмон иштирок намуданд.

Дар рафти Конференсия нахуст ҳисоботи роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён оид ба натиҷаҳо дар нимсолаи аввали соли 2018 шунида шуд. Дар ин радиф Мунаввараи Бозоралӣ- роҳбари бахши намояндаги дар шаҳри Кӯлоб ва Холов Диловар- роҳбари намояндаги дар ноҳияи Панҷ ба музокира баромада фаъолияти ташкилотро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.

Сипас бо сабаби ба вазифаи муовини Раиси ҷумҳураявии ТҶҶ “Созандагони ватан” интихоб шудани Орзу Ҳамидиён, ҷойгузини он дар вилояти Хатлон, аъзои фаъоли ин ташкилоти ҷамъияти Дилафрӯзи Абдулло интихоб гардид. Бо пешниҳоди Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Абдулло Раҳмонзода ва дастгирии иштирокдорон Амирзода Аловуддин ва Саидов Ҳусейн - кормандони ҷавони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ба сифати муовинони роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони ватан” дар вилояти Хатлон гардида, ҳамзамон ҳайати Шӯро аз нав интихоб гардид.

 Дар фароварди кори Конференсия Раиси ТҶҶ “Созандагони ватан” Раҳмонзода Абдулло оид ба вазифаҳои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон дар марҳилаи нави ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Инчунин, мавсуф вобаста ба озмуни “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, ки ба хотири таҷлили сазовори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, дар ин замина тақвият бахшидани фаъолияти созмони  кор бо ҷавонони ҳизб эълон гардидааст, дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg