БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конференсияи ғайринавбатӣ номзадҳои арзандаро пешбарӣ намуд

ХУРОСОН. Дирӯз Конференсияи 16-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон баргузор гардид.

Дар кори Конференсия узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, комиссияҳои кор бо ҷавонону занон ва Гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон иштирок доштанд.

Конференсияи 16-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бо садо додани суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас раёсати кории Конференсия, рӯзномаи Конференсия, котибот, тартиби кории конференсия ва комиссияи таҳрирӣ аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидзода Раҳмон Азим ба диққати иштирокдорон расонида шуда, аз ҷониби вакилони Конференсия тасдиқ гардид.

Сипас, аз рӯи масъалаи рӯзнома пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон ба ҷои вакили хориҷшуда, дар ҳавзаи интихоботии «Бандар-№29» ва ҳавзаи интихоботии «Хумдон-№31 қайд шуд, ки вакилон рӯзи 25-уми июни соли 2018 дар иҷлосияи чордаҳум (даъвати панҷум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон аз ҳавзаи интихоботии Бандар-№29 Бекназаров Ҳоҷиқурбон бинобар сабаби иваз шудани ҷойи кор ва истиқомат ва аз ҳавзаи интихоботии Хумдон-№31 Қурбонов Исмоил бинобар сабаби ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд фаъолияти вакилиашон пеш аз муҳлат қатъ карда шуд.

Дар ҳамин замина бо назардошти моддаи 10, 11 ва 48-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  интихоботи  вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” дар ҳавзаи интихоботии Бандар-№29 ва ҳавзаи интихоботии Хумдон-№31 санаи 16-сентябри соли 2018 интихобот таъин карда шудааст. Аз ин хотир ба мо лозим аст, ки номзадҳои ҲХДТ-ро ба ҳавзаҳои мазкур пешниҳод намоем.

Таклиф шуд, ки номзадии Подшоҳзода Нуринисо Кароматулло–муовини раиси ноҳияи Хуросон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон дар ҳавзаи интихоботии Бандар-№29 ва номзадии Муродов Раҷабалӣ Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Хуросон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон дар ҳавзаи интихоботии Хумдон-№31 пешбарӣ карда шавад.

Баъди музокираҳои вакилон номзадии Подшоҳзода Нуринисо Кароматулло ва Муродов Раҷабалӣ бо як овоз аз тарафи вакилони Конференсия тасдиқ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg