БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар маҳал

НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар соли ҷорӣ бо ҷалби истиқоматкунандагони деҳаи Дӯконӣ  чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланд доир карда шуд.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда, зикр кард, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикиситон ҳамчун роҳнамо мебошад. Аз ин рӯ моро мебояд, ки баҳри иҷрои дастуру супопришҳои Роҳбари давлат кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида хубтару беҳтар намоем.

Дигар баромадкунандагон низ дар назди ҷамъомадагон атрофи тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, пешгирии бемориҳои сироятӣ, боз ҳам ободу шукуфон кардани диёр, муқовимати шадид зидди амалҳои коррупсионӣ ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа, зинда гардонидани ҳунарҳои мардумӣ, беҳтару шоиста кардани зиндагии хеш, ки вазифаи ҳар як шаҳрванд дониста мешавад, суханронӣ намуда, аз сокинон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҳизб даъват ба амал оварданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg