БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат амаликунандаи мақсаду ормонҳои деринаи халқи тоҷик

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи  ҷадвали  тасдиқшуда дар маҳаллаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеъи аъзои ҳизб бо мақсади сафарбар намудани аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар рушди кишоварзӣ ва сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Иштирокдорони чорабинии фарҳангӣ  вобаста ба тараққӣ додани урфу одат ва анъанаҳои неки миллӣ, тақвияти  соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои  сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ,  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.  

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё зимни суханронӣ қайд намуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида ҳар кадоми мо бьояд дорои сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷаъмӣ, масъулияти баланд ва ташаббускор бошем. Барои расидан ба ин ҳадафҳои неку созанда сарҷаъм бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.

Масъулини дигар қайд карданд, ки дар маҳалҳо  оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба шуғли хонагӣ ҷалб кардани ҷавонон, бахусус занону духтарон чораҳо андешем. Ҳар яки мо дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи мардум саҳми худро гузорем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg