БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша арзиши баланд доранд

МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Чорсуи ҷамоати шаҳраки Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони кӯчаи Чорсу мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод

С.Мирзошарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот аз ҷониби масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Инчунин, бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар кӯчаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинони кӯча,  аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ баргузор карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg