БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди корхонаҳои саноатӣ дар Левакант

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҶСК «Нуриҳои Осиё» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрии судманд баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷаъфар зимни суханронии худ доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарварӣ бо истифода аз захираҳои бойи маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаҳои таърихии миллати тамаддунофари тоҷик, эҳёи анъанаҳои неки ҳунарҳои мардумӣ, роҳҳои сафарбар кардани сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи босамар аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар идома яке аз иштирокчиён ба сухан баромада, қайд кард, ки ҳар яки моро зарур аст, ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва татбиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои амалиро анҷом диҳем ва кӯшишу ғайратамонро барои ободии Ватан сафарбар намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg