БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир аз ҷумлаи масъалаи муҳими ҳаётӣ ҷомеа ба ҳисоб меравад

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ бо  сокинон  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Масъулин  дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист”  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузарониданд. Ҳамзамон зимни суҳбат  доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир,  тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ,  сафарбар намудани шаҳрвандон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон, мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқотҳо  бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар мавзӯъи  “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”  ва бо кишоварзони  вилояти Хатлон  ба дарки ҷамъомадагон расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg