БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таваҷҷуҳи сокинон ба ҳунарҳои миллӣ бештар мегардад

КӮЛОБ. Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ворид ва ба пешрафти комил дар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хоса дар соҳаи сайёҳӣ ноил гашт, ки ин бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Сарвари кишвар шаҳодат медиҳад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тасдиқ гардида, босамар дар маҳаллаю деҳаҳо тариқи намоиши ҳунарҳои мардумӣ татбиқ гашта истодааст.

Дар доираи ин намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Андароби ҷамоати деҳоти Зарбдор баргузор гардид. Дар зимн, сокинони деҳа ҳунарҳои дастии худро ба маърази дид гузоштанд.

Зимни ҳамоиш мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Зарбдор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби иштирокдорони ҳамоиш изҳори умед карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои вусъат бахшидани рушди соҳа ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи хуб фароҳам меорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg