ЁВОН. Иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар бобати эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли тақвияти робита бо маҳал дар саросари ноҳияи Ёвон аз ҷониби мардум дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда истодааст.
Бо ин мақсад дар деҳаи Оби шифои ҷамоати деҳоти Норин аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Ташкилоти ибтидоии «Оби шифо-1» дар шашмоҳаи якуми соли равон тавассути баргузории вохӯрӣ ва бо интихоби бештари аҳолии деҳа ташкил гардида буд.
Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳа аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз нав эҳё гаштани анъанаҳои неки ниёгон хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.
Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ҳунару маҳорати онҳо аз ҷониби масъулин ба хушнудӣ пазируфта шуданд.