БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар маҳал Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида истодааст

БАЛҶУВОН. Бо иқдоми  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Чашмасойи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизби таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сохтмони бунгоҳи тиббии замонавӣ, дорои  6 утоқи корӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  идома дорад. Бояд зикр кард, ки сохтмон аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми  1миллиону 148 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардида,  пудратчӣ  ҶДММ “Аслидин-13” мебошад.  Масъулини сохтмонӣ ният доранд сохтмони бинои бунгоҳи тиббиро  соли  2019 ба охир расонида,  мавриди истифода қарор диҳанд, ки ин бунгоҳи тиббӣ барои мардуми деҳаи Чашмасой ниҳоят зарурӣ  мебошад.

Дар назди сохтмони бинои бунгоҳи тиббӣ  и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзое Исуф  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин  атрофи  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ тахти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда,  барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии мазкур аз ҷамъомадагон даъват намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg