БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- муаррифгари санъати волои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди маҳал чорабиниҳои рангини фарҳангиро  баргузор намуда истодааст.

Бо ин мақсад бо иштироки сокинони маҳаллаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид иштирок намуда, аз намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони маҳалла дидан кард.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Маҳмадсаид Абдулҳаев  қайд гардид, ки иқдоми бузургу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодиёти кишвар таккони ҷиддӣ бахшида,  заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дигар иштирокдорони чорабинӣ оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ фикру мулоҳизаҳои хешро баён карда, ба ҳунари волои ҳунармандони маҳаллаи номбурда баҳои хуб доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg