БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Озмунҳои ҳизбии «Маликаи Хатлон» ва «Армуғони хатлонӣ» дар Панҷ

ПАНҶ. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ иваз кардану харидан имконнопазир аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ бахшида, тарбияи таҳаммул ва тоқатпазириро дар вуҷуди ҳар як инсони ҳунарманд бедор намуда, инкишоф медиҳад.

Бо мақсади ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ,  пешгирии парастиши фарҳанги бегона миёни духтарон вохӯрии мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Атавулоева Зебунисо бо занон ва духтарони хонанишини деҳаи 16-солагии Истиқлолияти ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳия баргузор гардид.   

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия ба иштирокчиён сиёсати некбинонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ин самт ба саҳми иштирокдорон расонида қайд кард, ки бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам овард, ки онҳо бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар барои худ ва атрофиёнашон шароити созгор муҳайё намуда, бо ин васила ба ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, бештар огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои хонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ва аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ андешаронӣ намуда, дар идомаи суҳбат мавсуф доир ба озмунҳои ҳизбии «Маликаи Хатлон» ва «Армуғони хатлонӣ» маълумот дода, ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар ин озмунҳо маслиҳатҳои муфид дод.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg