ДӮСТӢ. Бо мақсади фаҳмонидани омма аз хатарҳои бемориҳои сироятӣ, аз қабили бемориҳои пӯст ва ВНМО/АНМО бо кормандони шуъбаи пӯст соати сиёсӣ гузаронида шуд.
Аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ қайд гардид, ки мо масъулин вазифадорем ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост ва пеш аз ҳама маданияти муносибати ҷомеаро ба гирифторони ин бемориҳо баланд бардошта, аз хавфу хатарҳои он огоҳ созем.
Сардори шуъбаи бемориҳои пӯсти ноҳияи Дӯстӣ Б.Бобоев атрофи масъалаи марбута суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳар 3 моҳ дар бунгоҳҳои саломатии деҳот рафта, корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамоем, ки роҳҳои паҳншавии бемориҳо гирифта шавад. Дар бештари маврид аз никоҳшавандагон хоҳиш менамоем, ки ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаранд, қайд доштан масъули соҳа.